БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ СУЛҲ ТО САОДАТУ ПЕШРАФТ

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи худро рӯз ба рӯз тақвият мебахшад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди  сулҳофару сулҳовари миллат дар амалӣ намудани барномаҳои муҳими стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои саноату иқтисод, сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳгардонии сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти сартосарӣ дар кишвар назаррас ва калидӣ арзёбӣ гардидааст.

Миллати ҷафокашидаи тоҷик дар масири таърих ва дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бартараф намудани омилҳои ҷанги  таҳмилӣ, пеш аз ҳама бо доштани ғурури миллӣ, нангу номуси  ватандорӣ, азхудгузаштанҳо ҷонфидоиҳо, доштани ҷасорату матонати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодатмандиро ноил гардидааст . Соҳибватанӣ олитарин нишонаи шарафу иқболи ин миллати тамаддунсоз аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фаъолияти густурдаву бунёдкорона  бо дарки масъулияти баланди ватансозӣ ва доштани  ҳисси ватандӯстӣ дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо гомҳои устувор  баҳри рушду нумуъ ва ба миён овардани дигаргуниҳои ҷиддии пешрафт саҳми бузургу беқиёс гузоштааст.

Бо иқдомҳои шоиставу ташаббусҳои ин марди Худодод ба ҷомеаи чаҳонӣ дар тӯли чанд соли охир эътироф намуд, ки Тоҷикистон сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо тавонист дар раванди дигаргуниҳои азими сиёсӣ ва иқтисодӣ дар сафи давлатҳои пуриқтидори чаҳонӣ ҷой гирад ва обрӯю нуфузи миллати Ватани мо дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз беш тақвият ёфта истодааст.

Сохтмонҳои азими НБО - ву нақбу пулҳо, шоҳроҳҳои байналмиллалӣ ба  кишварҳои муқтадир,  сиёсати дарҳои кушода, ба назар гирифтани манфиатҳои милливу умумибашарӣ ва  минтақавӣ дар сиёсати дохилию хориҷии давлат, тадриҷан паст гардидани сатҳи камбизоатии мардум, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, эътимоди ҷаҳониёнро ба ояндаи неки давлати мо тақвият мебахшанд. Хуллас,  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин миллатро  аз парокандагӣ ,  давлату Ватанро аз фаношавӣ наҷот бахшад.

Дар бартараф кардани  сарбастагии сартосарӣ, таъмини  амният ва сифати  озуқаворӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ҳамзамон тақвияту рушди саноатикунонии кишвар иқдомҳои шоёнро амалӣ намуда истодааст.  Боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати ба даст омадани ин комёбию музаффариятҳо заҳматҳову талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину офаринҳост.

Абдусаломзода Мунаввар, вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Кӯшониён, раиси    КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                                        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg