КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён бо усули “рӯ ба рӯ” бо мақсади дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни саволу ҷавоб зери унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демократӣ, пешрафту ободии Ватан” баргузор шуда истодааст.
Озмуни мазкур нахустин тадбирҳои гиромидошт аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия набуда, иҷрои бахшҳои дигаре аз барнома то 16 ноябри соли ҷорӣ идома дорад.