БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Зимнан, изҳор доштаниам, ки беному  нишон  гаштан ва аз арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ ба ноаёнӣ рафтани миллати тоҷикро дар тӯли ҳазорсолаи мавҷудияташ борҳо таҳдидҳо гардидааст. Яъне таърих  гувоҳ  аст, ки бар асари  истилои пай дар пайи аҷнабиён ва зӯран ба сари халқи тоҷик бор кардани тамаддуну арзишҳои фаҳанги бегона тақдири ҳастии давлат, миллат, забон ва фарҳанги чандинҳазорсолаи  мо дар  хатари  нестшавӣ  қарор дошт.

Нахуст, солҳои навадуми асри гузашта раванди  фарорасии истиқлолияти давлатӣ ва худро мустақилу субъекти комилҳуқуқи  муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам омад. Аммо, ин имконияти  бузурги  таърихӣ дар сатҳи дуруст истифода нашуд ва бо таъсиррасонии гурӯҳҳои манфиатхоҳи ифротӣ дар он давра боиси сар задани тазоҳуроту муқовиматҳои шаҳрвандӣ гардид. Зуҳури неруҳои манфитхоҳ дар фаъолияти амалии худ ба зиёдаравӣ, сиёсисозии мушкилоти  ҷомеа ба радикализм ва аъмоли харобгароии сиёсӣ роҳ медоданд ва  барои ризоияти ҳамагонии умумихалқӣ ва ваҳдати миллӣ талоши зарурӣ надоштанд. Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9 сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ва давлатии кишвари  азизамон  расман  эълон  шуд.  Ин яке аз дастовардҳои бузург дар таърихи пуршебу фарози халқи мо буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав  фароҳам гардид.  Баробар бо даст овардани истиқлолияти давлатӣ  вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат хуб набуд. Ҳам мухолифини сиёсӣ ва ҳам неруҳои дигари ҳизбиву манфитхоҳ амиқ дарк карда натавонистанд, ки ҳадафи истиқлолияту ваҳдат бештару волотар аз ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда, барои тамоми  сокинони кишвар арзиши муқаддас ва гаронбаҳо мебошад.

Дар ин росто бисёри коршиносони соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ оид ба масъалаи дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуданро ҳамчун як давлати мустақили миллӣ, ки  басо мушкил буд, дар ҳайрат буданд ва мегуфтанд миллате, ки дар чунин вазьияти ногувор қарор дорад ба дастоварди бузург, яъне истиқлолияту ваҳдати миллӣ ноил шуда метавонад.

Дар чунин вазъият Тоҷикистон ба як Сарвари бохираду  миллатдӯст ниёзи шадид дошт, ки чунин мамлакати парешонгаштаро аз вартаи ҳалокат бираҳонад. Дар он замон ва  дар вақти дар аланга будани ҷангу ҷидол ва бетартибиҳои  зиёд  фарзанди фарзонаи  миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба сари ҳокимият омад. Яъне дар таърихи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ш. Хуҷанд, дар қасри “Арбоб” Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд. Дар иҷлосияи тацдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани овози аксарият ба вазифаи  Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан, барномаи сиёсии хешро ба таври мушаххасу возеҳ иброз доштанд ва ҳамчун Раиси тозаинтихоби  Шӯрои Олӣ чунин изҳор доштанд, ки: “Баҳри  истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани  ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”. Сарвари давлати тоҷикон корро аз ҳамин гуна  суханҳо сар кард ва ба ҳар як суханаш амал намуд ва то дараҷае, ки  баъзан аз гуфтаҳояш зиёд амал менамуд, то халқ ва миллаташро аз вартаи  нобудшавӣ раҳо кунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмдори бохирад ҳанӯз дар давраи аввали фаъолият воқеияти ба миён омадаро хуб дарк карда буд, ки барои оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ дар  кишвар,  баргардонидани  гурезагон  ва  муҳоҷирони  иҷборӣ   ба  сарзамини хеш, барқарор намудани ҳазорҳо хонаҳо, боз доштани  пастшавии  иқтисодиёт, ҷалб намудани  сармояи  хориҷӣ  ва  рушди  Тоҷикистон  муттаҳид  намудани халқ зарур аст.  Воқеан, роҳҳое, ки Пешвои миллатамон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ боз намуд, ҳамчун як мактаб ва як фазои тозаи сиёсӣ абадан дар таърихи халқи тоҷик сабт гардид. Чунин як сиёсати дуруст ва оқилонаю мантиқӣ дар шароити  имрӯзаи  халқи тоҷик  аз дуриҳои дури таьрих ва дурахши ҷомеаи  навин шаҳодат медиҳад.

Бо ҷаҳду талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати дар курароҳи зиндагӣ роҳгумзадаро ба ҳам биёрад. Ва бо чунин амалҳои хирадмандона ва азхудгузариҳо метавон гуфт, дар ҳақиқат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои наҷотбахши миллат мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Мирзозода Хуршед, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg