БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН ДОИР ГАРДИД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон семинар- машварати омӯзишӣ  таҳти унвони “Ҳаракати аъзои ҳизб” бо иштироки кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон баргузор гардид.

Дар рафти семинар- машварат намояндагони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Ҳусейнзода Наврӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳалимов Маҳмадовуд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

Семинар- машварат аз ҷониби Ҳалимов Маҳмадовуд ифтитоҳ карда шуда, ба воситаи саволномаҳои тестӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб аз ҷониби Ҳусейнзода Наврӯз сатҳи дониши иштирокчиёни семинар оид ба мавзӯи баррасишаванда санҷида шуд.

Сипас, бо тариқи видеопроектор аз ҷониби намояндагони вилоятии ҳизб ба иштирокчиёни семинар- машварат оид ба ҳаракати аъзои ҳизб маълумотҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар охир Ҳусейнзода Наврӯз  роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон семинар- машваратро ба анҷом расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg