
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят семинар-машварати омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ доир гардид.
Чунин семинар-машаварати омӯзишӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик ва Восеъ баргузор карда шуд, ки дар он Наврӯз Ҳусейнзода роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва Ҳалимов Маҳмадовуд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кори семинар-машварати мазкурро пеш бурданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар вобаста ба мавзӯъҳои баррасигардида саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби шахсони масъул ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин таклиф намуданд, ки чунин курсҳои омӯзишӣ, ки барои беҳтар намудани фаъолияти Кумитаҳои иҷроия ва баланд гардидани сатҳи дониши сиёсии кормандони ҳизбӣ мусоидат мекунад, минбаъд бештар ташкил карда шавад.