БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗЕ, КИ БА МАРДУМ УМЕДИ ЗИНДАГИИ ОРОМУ ОСУДА БАХШИД

АНДЕША. 16 ноябри соли 1992  яке аз санаҳои муҳими таърихӣ барои мардуми кишвар  мебошад. Дар ин рӯз Иҷлосияи 16 - уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12 –ум) дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 16 ноябр то 2 декабр доир гардид, ки ба мардум умеди зиндагии орому осуда бахшид. 

Иҷлосияи наҷотбахши миллат дар давоми кори худ бештар аз 23 масъалаҳои мубрами рӯзро ҳаллу фасл намуд. 

Маҳз бо шарофати он сокинони кишвар ба ҳаёти осоиштаву зиндагии пурсаодат расиданд. Баргузории ин иҷлосия барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Иҷлосия халқи тоҷикро аз гирдоби ҷанг берун кашид ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойдор намуд.  

Сокинони кишвар ба Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат арҷ мегузоранд, ки он барои пойдории ваҳдати миллию истиқрори сулҳ нақши созгоре гузошт.

Маҳз бо шарофати сулҳу суботи комил, ки аз ин Иҷлосия сарчашма мегирад,  имрӯз Тоҷикистони азиз ва халқи он  ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангӣ ноил гардидааст. Мардуми  кишвар дар фазои сулҳу суботи комил кору зиндагӣ намуда,  барои ободию шукуфоии Тоҷикистони  азиз ҷаҳду талош мекунанд.

Дигар аҳамияти ин Иҷлосия  дар он аст, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Пешвои миллат аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан баҳри он кӯшиданд, ки кишварро аз буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ наҷот бахшанд.  Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия иброз дошта буданд, ки “То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷик гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам”

Имрӯз мо шукури онро мекунем, ки  давлати ободу озод дорему осудаҳолона умр ба сар мебарем.

Ба гузашти солҳо ҳеҷ гоҳ аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, саҳми арзишманди Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он солҳои  душвору хатарнок ва бунёди давлати навини тоҷикон фаромӯш намекунем. 

Абдулло Ҳасанов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg