ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони деҳаи Нурбахши ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад атрофи пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун вабои аср ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди соҳаи хоҷагидорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, сарфаҷӯёна истифода кардани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа андешаронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ роҳнамоӣ карданд.