БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ СУЛҲУ ОБОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба муносибати ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷамъомад бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия ва волонтёрон аз Коллеҷи тиббии ноҳия гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар мавзӯи “ Эмомалӣ Раҳмон- кафили сулҳу ободӣ ва зиндагии шоистаи мардум ” баромад карда,  қайд намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандон ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст. Дар 7 соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.  Мо мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст, бо пайравӣ аз Пешвои миллат  аз ҳаррӯза дида, барои боз ҳам рушд кардани  Ватан ва тамини зиндагии шоистаи хеш бештар талош варзем. Дар охир иштирокдорон бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg