БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУНАМ ТОҶИ САРИ ДУНЁ, ДИЛОРО ТОҶИКИСТОНРО

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

АНДЕША. Моҳи декабри соли 2015  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст ва имрӯз аз ин санаи муҳими таърихи панҷ сол сипарӣ мегардад, ки мардуми шарафманди тоҷик ҳамчун эҳтиром ба Пешвои муаззами хеш санаи 16 ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президент” ҷашн мегиранд.

Мусаллам аст, ки мактаби мардонагиву ватансозию сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як Президенти мардумӣ на танҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон, балки аз ҷониби сайёраи дунё ҳамчун Президенти шоиставу Пешвои миллат пазируфта шудааст.

Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам  ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некӯаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Академик В.О. Ключевский гуфтаст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад ».

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки  ҷониссориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Арастуи бузург мегӯяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақикат мегӯянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, бо ғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ӯ ватандӯст аст, нишонаҳои далериву ҷасурӣ дар ӯ бозгӯ аст. Аз ӯ метавон мактаби садоқатмандию шуҷоатро бояд омӯхт…

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ нахустҷоизаи олӣ – медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» дар байни сарони кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил насиби Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати мардуми  Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки ин шаҳодат аз нерӯи азими сиёсатмадорӣ, истеъдоди нодири сулҳоварӣ буд ва арҷгузории дунёи мутамаддин ба як нафар сиёсатмадори  мушкилписанд, кафили фардои мусаффо ва қосиди  сулҳи босубот гардид.

Имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Имрӯз мо мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ як маром ва як мақсад дорем, ин ҳам бошад пойдории сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон ва расидан ба қадри он дастовардҳое, ки  бо заҳмату талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд ва  мекушем, ки  бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумӯъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.

Зиндаву ҷовид бод  он ном ва корнамоии  фарзанди асили    миллати тоҷик, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg