БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ!

АНДЕША.  Воқеан, ҳам боиси ифтихор ва сарфарозист, ки тавассути корнамоиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз чунин давлати ободу зебо дорем. Зеро ин марди ҷассур тавонист, ки донаи меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқатро дар замири ин миллати куҳанбунёд биншонда,  як порча замини дар оташи ҷанг қарор доштаро ба як кишвари ободу осоишта табдил диҳад. Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки дар солҳои  фоҷиабори 1992-1993 Сардори давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандонаи  худ дар дили миллати тоҷик шӯълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Дар яке аз мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорони тоҷик лашкаркаши маъруфи тоҷиктаборони Афғонистон  марҳум Аҳмадшои Масъуд иброз дошт, ки: “Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати  бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо- афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем”. Ҳақиқатан баъд аз ин гуфтаҳо ифтихори миллати мо бояд афзун бошад. Пеш аз ҳама бо ифтихор мегӯем, ки бори аввал дар тӯли таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи мавҷудияти миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баландпояи байналмилаливу ватанӣ, инчунин дар китобу асарҳои худ ба ҳамватанони олами башарӣ  эълон доштанд, ки: “Тоҷикистон дар қатори миллатҳои тамаддунофару пешрафтаи дунё ҷойгирасту  фарзандони хирадманди он ба оламиён ду маротиба тамаддун додаанд”. Бешак ҳар як тоҷику тоҷикзабони боору номус ва олимони дунё аз ин огаҳӣ доштанду доранд, вале аз ҷониби Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи қатъиву боварибахшу пурифтихору  боэътимод ироа шудани он, ба ин саҳифаи таърихи миллат муҳри давлатии воқеиятро гузошт. Баъди ҳазорсолаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар суханрониҳову китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, Аз Ориён то Сомониён” ба аҳли башар пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат нахустин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан –Тоҷикистони азиз аз забони Сарвари миллат садо додаанд, ки: “Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!” ва ё “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол –Ватани  маҳбуби ҳамаи мо!” аз ҷумлаи онҳост. Бо ҳамин даъвату ҳидоятҳои ватанпарастона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи Истиқлол водор намуданд, чунки Истиқлол тоҷи шарафу номуси ҳар як инсони ватандор аст. Пӯшида нест, ки имрӯз Тоҷикистонро бо хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на инки дар як минтақа, балки дар тамоми гӯшаю канори сайёра ҳамчун кишвари ободу осоишта, сулҳҷӯю демократӣ ва кафили ваҳдату ягонагӣ мешиносанд. Пас биёед, ҳамдиёрони азиз бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Ватани азизамон содиқона хизмат намоем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон фархунда гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азизамон  пешрафту шукуфоиро таманно менамоем.  

Лола Сулаймонова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg