БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДАР ДОИРАИ СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тавре маълум аст, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мутобиқ да дастури мақомоти болоии ҳизбӣ  семинар-омӯзишҳо баргузор шуда истодааст. Дар доираи ин дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинар-машварат бо иштироки роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусайнзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон  Маҳмадов, инчунин  роҳбарон ва  кормандони масъули Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва Балҷувон баргузор карда шуд. 

Семинарро Наврӯз Ҳусайнзода роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба иштирокдорон  машварат дод.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон  Маҳмадов дар раванди семинар мутобиқ ба китоби дастурдиҳии  “Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб” бо иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, семинар-машварат бо суолу ҷавоби иштирокдорон ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg