БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ РОҲИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МО

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сарсупурдаи  давлату миллат пайваста дар  андешаи  беҳбуд бахшидан ба ҳаёту зиндагии  халқ буда,  дар ин роҳ  аз солҳои аввали  ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуданашон ҷаҳду талошҳои беназир  анҷом доданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки  дар ин бобат хизматҳои  фарзанди барӯманди  миллат Эмомалӣ Раҳмон беҳадду ҳудуд аст. Пешвои миллат ҳанӯз аз  минбари баланди Иҷлосияи  тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки:  “Ман то охирин гурезаро ба Ватан бознагардонам, худро тинҷу осуда ҳис намекунам”. Бо ҳазорон  кӯшишу талошҳо Президенти мамлакат ин гуфтаҳои худро ба ҷо оварданд. Ҳама ба Ватан, ба хоки муқаддаси аҷдодии хеш баргаштанду  соҳиби хонаю дари худ гардиданд.  

Воқеан мо – тоҷику тоҷикистониён  хушбахттарин  миллатем, ки  Худованд  бароямон  Пешвои  ғамхору ватандӯст ва нексиришт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Сардори давлат офаридааст.  Таҳти роҳбарии ин шахсияти халқпарвару  меҳанпараст, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон  – Тоҷикистон сулҳу ваҳдату ягонагӣ пойдор гардида, мо мардуми шарафманди тоҷик рӯз ба рӯз ба дастовардҳои бузург ноил ва  бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурхашон  пеш рафта истодаем. Қайд кардан ба маврид аст, ки воқеан ҳам Пешвои миллат равшангари роҳи  имрӯзу фардои  мост. Бигузор, мо мардуми сарбаланди тоҷик  таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даст ба дасти ҳам дода, барои боз ҳам  ободтару зеботар гардидани   сарзамини аҷдодиамон талош варзем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Зебо Бозорова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg