БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ОЯНДАИ БОСАОДАТ ВА ДУРАХШОНИ МАРДУМ АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №69”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза сараввал ҳозиринро бо ҷашни “Рӯзи Президент” табрик намуда, аз ғамхориву ҷоннисориҳои Пешвои миллат баҳри таҳкими ободиву сулҳу суботи кишвар ёдовар шуд.

Дар идома Мирзоев Сафаралӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд кард, ки риояи гигиенаи шахсӣ ин барои саломатии худи мо ва ҷомеа зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дастаҷамъона қоидаҳоро риоя намуда, баҳри саломатии ҷомеа ҳиссагузор бошем.

Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Холматова Фарзона иброз намуд, ки дар замони кунунӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ бештар ба назар мерасад. Мо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дарсҳои тарбиявиро зиёд ба роҳ монда, ҷавононро дар  рӯҳияи хештанштносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоем ва бо ин васила пеши роҳи ҷавононро аз шомил шудан ба ин ҳизбҳои ифротӣ гирем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg