БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ тарбиятгари афкори солими ҷомеа мебошад

ВАХШ.  Бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина бо касбомӯзони "Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ"-и ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии бошукуҳ дар мавзӯи "Пешгирии зӯровари дар байни оилаҳои ҷавон" доир карда шуд. Зимни баромад Нуралиева Мадина иброз дошт, ки маърифати ҳуқуқии занон бояд баланд бошад, дар баъзе мавридҳо бо дарназардошти дарк накардани арзишҳои фарҳанги рукнҳои оиладорӣ коста мегардад. Гарчанде дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ зиёде ба анҷом расида бошанд ҳам, аммо имрӯз теъдоди оилавайроншавӣ зиёд ба чашм мерасад. Сабаби асосии омилҳои ҷудошавии оила омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷой доштани хусумати шахсии аъзои оила ва баъзе иштибоҳи падару модарон мебошад.

Дар ҳамин раванд пеш аз ҳама се ниҳод: оила, ҷомеа ва мактаб ҳамчун занҷираи пайваста бояд доимо дар робита бошанд, то тавонем, ки ҷавононро ба ҳаёти мустақилона омода созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg