БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОРИ МО ҶАВОНОН - ПЕШВОИ ОДИЛУ БОФАЗЛУ БОВИҶДОН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ифтихори мо ҷавонон - Пешвои одилу бофазлу бовиҷдон” баргузор гардид.

Зимни баргузории Аксия намояндагони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим намуда, бо онҳо оид ба ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини  сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали сарварӣ таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон дошта, онҳоро қувваи ояндасози миллат интихоб кардаанд. Дар шакли нави хусусияти давлатидошта – сиёсати давлатии ҷавононро, ки ба сохти идоракунии давлатӣ хос мебошад, ташаккул доданд.

Ҳамзамон сокинон иброз намуданд, ки шукр аз он, ки Ватани ободу озод дорем, шукри тамоми неъматҳои Ватани азизамон, шукри осоишу бунёдкорӣ, шукри он ки бо дили ором, табъӣ болида, бо фикрҳои неку ояндасоз сар ба болини ноз мегузорем, зеро ҳар як фарди кишварамон, аз хурд то бузург боварии комил дорем, ки нафаре ҳаст амнияти моро нигоҳ дорад, намегузорад, ки ба пои миллати азизамон хоре халад, амин ҳастем, ки пуштибоне дорем, ки дар ҳама ҳолат нигаҳбонӣ аз миллат, сарзамин, фарҳанг, Ватан ва муқаддасоти миллиамон мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg