БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти ҳамин унвон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маҳаллаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занони маҳал  вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сулаймонова Лола ва аъзои комиссияи кор бо занон Холиқова Соҳибҷамол иштирок дошта, оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият, таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба занон, мақоми зан дар ҷомеа суханронӣ намуда, ҷамъомадагонрро бо фарорасии ин иди фархунда табрику  муборакбод гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg