БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ МУҲИТИ СОЛИМ ВОБАСТА АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок дошта, қайд дошт, ки риояи беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ мебошад. Гарчанде шиддати беморӣ паст гардида бошад ҳам, он маънои пурра аз байн рафтанро надорад. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат талаботҳои муайяннамудаи беҳдоштӣ бояд ҳатмӣ риоя карда шаванд.

Дар фарҷом ба иштирокдоштагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg