БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВО ДОРЕМ, ФАРДЕСТ БЕБАҲО

АНДЕША. Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бинобар ин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат андешаҳои худро баён намоям.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ душвор аст, лекин нигоҳ доштани он аз он мушкилтар. Сарвари мо - Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд давлатро барқарор кунанд, онро нигоҳ дошта, рушд диҳанд.

Ҳамин ғамхориҳо ва меҳнатҳои ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ интихоб карданд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва пешрафту ободиҳо ҳама ба номи Эмомалӣ Раҳмон  сахт марбут аст.

       Худо хандид бар рӯят, амон бош,
       Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош.
       Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам,
       Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

Мо ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пешаи худ намуда истодаем.

Ман аз номи худам ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати иди расмии «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуда, ба ҳама оромӣ дар хонаву оила, якдигарфаҳмӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ  орзуманд ҳастам.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg