
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудаанд, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кушодашавии боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуда, аз ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин намоишҳо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуда, он муаррифгари кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.