БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОҲӢ, СИҲАТУ САЛОМАТ БОШӢ, ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТИРО РИОЯ НАМО

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории сироятии Ковид - 19 ба тариқи “хона ба хона”  бо сокинони ҳудуди  Ҷамоати шаҳраки Ховалинг корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Ҳангоми суҳбат дар баробари фаҳмонидани роҳҳои пешгирии ин бемории сироятӣ таъкид намуданд, ки агар бихоҳанд, ки тани сиҳат дошта бошанд  ва  ба ин беморӣ гирифтор нашаванд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Ба иштирокдорони суҳбат  варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд, ки дар он роҳҳои  пешгирии ин беморӣ нишон дода шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg