БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳнамои рӯзгори неку пурсаодати сокинони кишвар

БОХТАР. Дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «15-солагии Ваҳдати миллӣ » бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Асадуллозода Ватан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада,  зимни суханронӣ қайд намуд, ки санаи 22 декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба тамоми сокинони кишвар ироа намуд.

Масъулин қайд карданд, ки аз Паём то Паём вазъи некӯаҳволии мардуми кишвар беҳтар гашта истодааст ва шукронаи онро мекунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва якдилӣ мо мардуми сарбанади тоҷик дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият дорем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg