БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЖДАИ ЗАФАР МУБОРАК, КИШОВАРЗОНИ САРБАЛАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар майдони зебои Парчам ва Нишони давлатӣ, чорабинии идона бахшида ба иҷрои дурнамои нақшаи пахта,  бо иштироки роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, кишоварзон, саҳмдорон ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо баргузор гардид.

Сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён дар сухани табрикотии худ,  миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми кишоварзони ноҳия, ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи дури гаронбаҳо баён карда, ба онҳо тансиҳатӣ,  хонаободӣ ва дар иҷрои нақшаҳои минбаъдаи истеҳсолӣ тамманиёти нек намуд. Сипас, ба як қатор роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзии ноҳия,  Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ,  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки кишоварзони ноҳия 25500 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки пурра нақшаи дурнаморо барзиёд иҷро карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, аҳли санъати бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона хотири  аҳли нишастро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg