БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа яке аз амалҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси руҳбаландии қишри ниёзманди ҷомеа мегардад ва худи инсони саховатпеша низ шоду масрур мегардад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар арафаи ҷашну идҳо дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат,  ятимону бепарасторон  ва шахсони эҳтиёҷманд  ба ҳукми анъана даромадааст.  Ба ин хотир, аз тарафи Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ  ва ҳамраҳонаш 4 нафар собиқадори меҳнати Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия Латипова Бибигул, собиқадори соҳаи кишоварзӣ, Мирзоева Сайбӣ, собиқадори соҳаи тандурустӣ, Ғоибов Саид механизатори собиқадор ва Назриев Аскар, собиқадори соҳаи маориф аёдат каррда шуда, ба ҳар яки онҳо шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кумак расонида шуд.

Ҳангоми суҳбати самимӣ, раиси ноҳия миннатдории худ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба ин шахсони обрӯманди ноҳия расонида, қайд намуданд, ки хизматҳои шоёни онҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва пайваста кумакҳои лозима расонида мешавад. Пирони рӯзгордида низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо миннатдорӣ намуда, аз тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубори Ватани азизамон шукргузорӣ намуда, ба Пешвои муззами миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg