БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЙДАЛӢ ВАЛИЗОДА ШОИР, ОҲАНГСОЗ ВА ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИК

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба 120-умин солгарди шоир, оҳангсоз ва ҳофизи халқии тоҷик Сайдалӣ Вализода  чорабинии  фарҳангӣ - сиёсӣ баргузор карда шуд.  

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва вориси  Сайдалӣ Вализода шоираи шинохта Хосият Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ба  сухан баромада, қайд намуд, ки  осори пурғановати  Сайдалӣ Вализода қариб дар даҳ маҷмуъ ба табъ расида, дар тарбияи инсонҳо нақши бузург дорад.

Сипас, Шарифзода Гулрухсор ба сухан баромада, оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Сайдалӣ Вализода суханронӣ намуда, аз номи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба 3 нафар корманди Театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода Сипоснома тақдим кард.

Зимни баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми баргузории  Фестивал  дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода  намоиши китобҳои адибон баргузор гардида, дастранҷи кӯдакону наврасон, қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори адибон ба ҳозирин пешниҳод карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg