БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАРХ ТАНЗИМ ГАРДИДА, ВАЗЪИ БОЗОР ДАР ҲОЛАТИ МУЪТАДИЛ НИГОҲ ДОШТА МЕШАВАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии  “Тоҷикматлубот”-и ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими бозорҳо ва пешгирии болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввалин тамоми тадбирҳоро андешида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Ҳамзамон кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда иброз доштанд, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дода нашаванд.

Дар охири хониши сиёсӣ аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр ба воситаи баландгӯяк  ба харидорон ва фурӯшандагон оид ба  риояи гигиенаи шахсӣ ҳангоми хариду фурӯш  ва бе ниқоби тиббӣ ба бозор ворид нашуда, аз маводҳои антисептикӣ мунтазам истифода бурданро хотиррасон карданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg