БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ - ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ оид ба мавзӯи доғи рӯз хатарҳои терроризм ва экстремизм дар замони муосир баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Эмомализода Сунатулло  ёрдамчии калони прокуратураи ноҳия, Шодибеки Идӣ корманди Қасри фарҳанг, намояндагони ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамзамон Иботов Диловар мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронии хеш иброз намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рӯҳониёни алоҳида мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg