БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА – СОЛИМИИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таъмини пешгирӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар доираи дастуру супоришҳо роҳбарият оид ба тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи меъёрҳои тавсияшудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан истифодаи ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани фосила байни ҳамдигар, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамарӯза бо мардум дар иртибот мебошанд.

Ин навбат масъулини ҳизбӣ бо кормандони Беморхонаи №3-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни баромади худ Сафар Ҳафиза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз намуд, ки саломатии инсон неъмати олист, ки яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон роҳбари беморхонаи мазкур қайд намуд, ки дар баъзе мавридҳо шаҳрвандон оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя накарда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ ба кӯчаю маҳаллаҳо, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебароянд, ки ин хавфи паҳншавии бемории сирояти нави коронавирусро ба маротиб зиёд мекунанд. Бинобар ин мо табибон пайваста кӯшиш менамоем, то дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоем ва чун баҳри солимии ҷомеа масъул ҳастем барои саломатии худ ва ҷомеа саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg