БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО - ҶАВОНОН ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ЯКДИЛЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Дирӯз низ бо ҳамин мақсад бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид ва масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ мебошад.

Бинобар ин имрӯз мо ҷавононро зарур аст, ки ҳар сухани хешро санҷида гӯему ҳар қадамро дида гузорем. Шояд дар миёни дӯстону ҳамнишинони мо низ афроде ёфт мешаванд, ки носавобҷӯянду фурсати муносибе мепоянд, то шахсияти хешро ошкор созанд. Маҳз ба ин хотир, имрӯз барои мо зиракию ҳушёрии сиёсӣ беш аз ҳар вақт зарур аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg