БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Турко дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Балҷувон бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин мулоқот доир гардид.
Масъулин дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории мулоқот дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили худкушӣ, худсӯзӣ ва суиқасд ба ҷони худ, тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои зикргардида масъулин ба иштирокдорон маълумоти муфассал доданд.