БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ТОҶИК БА ДУРӮҒУ САФСАТАҲОИ КАБИРӢ ГӮШ НАМЕДИҲАНД

ВОКУНИШ. Халқ ва мардуми баруманди тоҷикро аз қадиммулайём бо бузургон ва шахсиятҳои барҷастаи худ аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Саъдӣ Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Балъамӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигар бузургон мешиносанду эҳтиром менамоянд. Ин шахсиятҳо тавонистанд бо асарҳои созанда ва ғазалиёти дилнавози худ ҷамъиятро ба роҳи рост ва дуруст роҳнамоӣ намоянд, ки ин барои мардум ниҳоят муҳим аст. Маҳз ана ҳамин созандагиҳо буд, ки имрӯз миллати тоҷикро дар ҳама ҷо дар симои онҳо мешиносанду эҳтиром мекунанд. Боиси қайд аст, ки дар баробари чунин шахсиятҳо, ки миллати онҳо ифтихор мекунанду меболанд, имрӯзҳо ҳастанд ашхосе, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обрӯ ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро зери суол мебаранд. Барои беқадр намудани обрӯ ва эътибори роҳбарияти кишвар дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳар кори номатлуб ва ношоиста даст мезананд. Бешак бояд гуфт, ки ин ҳадафҳои онҳоро хок хӯрд. Бояд гуфт, ки онҳо мунофиқони миллатанд, зеро солҳо дар либоси дӯст баҳри ноамни ҷомеа ва мардуми тоҷик нақшаҳо мекашиданд. Мунофиқ ба шахсе гуфта мешавад, ки зоҳиран худро шахси ватандӯст ва покизакор нишон дода, аммо дар замираш ниятҳо ва ҳадафҳои нопокро парвариш менамояд. Мунофиқ аз беимон ҳам бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашту дӯстро аз душман ташхис дод. Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар пайдо гардида, барои дар амал татбиқ намудани сиёсатҳои ғалати худ амният ва осудагии мардуми азизро халалдор намуданд. Дар натиҷа мардуми заҳматкаш ва қишри поёнии ҷамъият осеби ҷиддӣ диданд. Бояд зикр намуд, ки барои бартараф намудани ҷанги шаҳрвандӣ нобиғаи аср Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳоро ба харҷ дода, дар як вақти муайян гурезаҳоро ба хонаҳояшон бар гардонида, бар лаби мардуми тоҷик ханда оварда, чашми мардуми моро ба сӯи ояндаи дурахшон боз намуд. Моҳи сентябри соли 2015 собиқ раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳояш бори дигар мехост Ватани моро ба хун оғӯшта намояд, аз оне, ки дар натиҷаи тафаккури ғалат ҳазорҳо одам кушта мешавад, ҳеҷ парвое надошт. Аммо мардуми баруманди тоҷик онҳоро дастгирӣ накарданд, чунки аллакай худро аз бад, сиёҳиро аз сафедӣ фарқ карданро омӯхтаанд. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирорӣ баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба хориҷа фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз Ватан мехоҳад сухан карда, дар байни ҷамъият таззод ва ногуворӣ ба вуҷуд оварад. Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо Кабирӣ мехоҳад ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар намояд, худро ҳомии дини мубини ислом нишон дода, хостори он аст, ки ҳадафҳои нопоки худро зери сояи шариати ислом амалӣ намояд. Зеро ягона роҳи ба ҳадафҳои номатлуб расиданаш аз эътиқоди динии мардум сӯйистифода намудан аст. Дар мавриди чунин шахсон Абусаиди Абулхайр чӣ хуб гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо шахсоне пайдо мешаванд, ки барои ҷоҳталабию мансабхоҳӣ аз тамоми имконот истифода мебаранд, ҳатто аз дин! Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки миллати тоҷик ба чунин дурӯғҳо ва сафсатаҳои Кабирӣ гӯш намедиҳанд, чунки ниятҳои ғаразонаи онҳо ба ҳамагон маълум гаштааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода талош намоем, ки баҳри устувории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар охир аз забони Иқбол гуфтаниям:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

Назаров Наврӯз, сарвари МТМУ №10-и ноҳияи Кӯшониён                        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg