БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МАРДУМИ КИШВАР АСТ

Ман  Ватани  маҳбубам  ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман ба нону намаки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон 

ХОВАЛИНГ. Ҳар як санаи фархунда ва таърихии кишвар сабаби ҷашн гирифтани худро дорад, аз ҷумла таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам. Ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994 ба рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   иртибот дорад.

6 ноябри соли 1994  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофу демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 - уми  ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  савганд ёд намуда, ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар намудааст, оғоз намуд.Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи рӯзҳои ид” дар мамлакат ҳамасола рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  16 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Қадр намудани ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар,  нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, муттаҳидии мадуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи Сарвари давлати худ ва талоши дастаҷамъонаи сокинони кишвар барои амалӣ шудани ин идеяҳои созанда мебошад.Таҷрибаи давлатҳои дунё собит намудааст, ки дар шароити имрӯза нақши роҳбари сиёсӣ барои миллат ва кишварҳо аҳамияти фавқулодда дорад. Эътимод бо роҳбар миллатҳоро бо боварӣ ба сӯи ояндаи беҳтарин мебарад. Имрӯз мебинем, ки дар баъзе кишварҳо набудани лидери воқеан мардумӣ  чӣ гуна суботи иҷтимоиро барҳам зада истодааст.Ҷашни имсолаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хусусияти хоси худро дорад.  Миллати мо рӯзи 11 октябри соли 2020  дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар овоздиҳӣ масъулиятшиносии шаҳрвандиро ба намоиш гузошт.
Агар интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон омили барқарории сулҳу субот ва ободию пешрафтҳои имрӯзӣ бошад, интихоби дигарбораи ӯ ба сифати Президент дар соли 2020 кафили пешрафти бузурги иқтисодӣ дар кишвар, боз ҳам баланд рафтани обрӯ ва нақшофарии сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва, албатта, амиқтар шудани суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар хоҳад шуд.Мувофиқи моддаи 64 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва  тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади  худ баъди интихоб гардиданаш ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди савгандёдкунӣ тазаккур доданд, ки “Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти  арзии ҷумҳурӣ,   ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”. Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ  натиҷаи  хидматҳои бузургу арзишманди  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат  дар як муддати кӯтоҳ тавонист Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созад. Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.

Мардуми кишвар заҳматҳои кашидаи Президенти мамлакатро, ки  бо дурандешию олиҳимматӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ва хирадмандию суботкорӣ барояшон зиндагии осоиштаро фароҳам сохтааст, қадр намуда, аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳаматарафа пуштибонӣ менамоянд. Имрӯзҳо тамоми сокинони мамлакат, аз ҷумла аъзоён, ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  бошандагони  ноҳияи Ховалинг зери парчами Истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки натиҷаи рушду инкишофи кишвари  мо маҳсуб меёбанд, сарбаландона қадамҳои устувор гузошта истодаанд.Хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадр карда шуда,  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” қабул гардид.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар кишварамон мебошад.  Бо шарофати заҳмату шабзиндадориҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон  мо имрӯз ба як ҳаёти осоишта ва зиндагии серу пур расидем. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар  бирасем, сиёсати созанда ва бунёдкоронаашро аз дилу  ҷон дастгирӣ намуда,  ҷашни дар пешистодаи 30 - солагии Истиқлолияити давлатии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ  истиқбол намоем.  

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg