БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ ТАРҒИБ ГАРДИДАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи фарҳанг”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии бемории сироятии коронавирус ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карданд. Дар охир ба фаъолони ташкилоти ибтидоии мазкур Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии касалии сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg