БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАҶАССУМГАРИ ТАМАДДУН АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештарри манфиатҳои миллӣ. Бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкониятҳо дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо  тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.

Боиси қаноатмандист, ки модарону бонувони азиз неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ равона  сохта, дар ҳамаи  ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар баробари мардон содиқона ширкат меварзанд ва ҳамчун неруи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунанд.    

Дар  баробари  ин  ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардидааст  ва имрӯз як қатор зуҳуроти ташвишовар ба фарҳанги аҷдодии мо таҳдид мекунад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳангу маърифат, урфу одатҳои барои мардуми мо бегона маҷбуран ба фарҳанги миллии мо ворид  карда мешаванд, ки яке аз инҳо  пeшидани сару  либоси ба миллати мо хос нест, мебошад.

Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуктаро таъкид месозанд, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд”. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Бахусус ҷавонони мо бо сабаби камтаҷрибагӣ аз  либосҳои миллӣ даст кашида, ба пӯшидани  либосҳои давлатҳои аврупо ва араб машғул  мешаванд, ҳоло он, ки либоси  миллии  мо  аз  ҳама ҷиҳат, хусусан дар зебоӣ аз  ин либосҳо боло  меистад.      

Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бисёр зарур  аст,  ки  мо  то тавонем  эҳсоси муқаддаси ватандӯстӣ ва фарҳанги  пӯшидани либоси миллиро дар вуҷуди фарзандон аз хурдӣ ҷой  диҳем, то  онҳо  тавонанд  дарк  намоянд,  ки  бойгарии аз  ҳама  бузургу  муқаддаси инсон ин Ватан, урфу одати аҷдодӣ, тарзи либоспӯшӣ ва фарҳанги миллӣ аст, иброз доштанд дар мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар мулоқот бо занону  бонувони ноҳия.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg