БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ АСНОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА КАФИЛИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-ноябри соли 1994 қабул карда шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар он тамоми озодиҳои башарӣ ва соҳибистиқлолии кишвар таҷассум ёфтааст. Конститутсияи давлати тозаистиқлоли тоҷикон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки баъди қабул гардидани Конститутсия 3 маротиба ба моддаю бандҳои он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Бори аввали тағйирот соли 1999, сипас баъдан соли 2003 моҳи июн ба 34 моддаҳои он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд, ки баъди ворид намудани тағйироту иловаҳо Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои дунё баҳогузорӣ карда шудааст.

Тоҷикистон, ки узви Созмони Милали Муттаҳид ҳисобида шуд, бояд, ки бандҳои моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба бандҳои моддаҳои  Конститутсияи Созмони Милали Муттаҳид баробар карда мешуд, аз ин хотир дар 34 бандҳои моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ин хотир, Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори  5-гонаи беҳтаринҳо қарор дорад.

Каримзода Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg