БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба истиқболи ҷашни санаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар меҳмонон чорабинии фархангӣ-сиёсӣ   баргузор гардид.

Нахуст, Шарифзода Гулрухсор  ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин санади тақдирсози миллат табрик намуда, қайд кард, ки Конститутсия  бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлат аст.

Инчунин, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки дар чорабиниҳои   фарҳангию сиёсӣ ва ҳамзамон дар интихоботи парлумонӣ ва интихоботи Президентӣ ҳамчун нозир фаъолона ширкат карданд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Сипас, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар ҳамбастагӣ бо аъзои  маҳфили “Ганҷи дониш” назди Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматуллои Қурбон бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ  табъи ҳозиринро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg