БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи аслии ҲХДТ рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Балх”  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.

Масъулин  зимни мулоқот қайд карданд, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ эълон дошт, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

Инчунин, дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯю маъракаҳо, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg