БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛАТ- ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчами Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ, ки бори аввал Пешвои миллат баъди интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии кишвар дар фазои тантанавӣ ва самимияти зиёд аз парчами миллат бӯсиданд ва дар дидаҳояшон молида, савганди Сарварии давлати тоҷиконро ба зимма гирифта буданд. Мо ба имрӯз ин парчами нангу номус аз давлатдории миллати қадимтарини дунё, ки 5500 солагии онро ҷашн гирифтем, хабар медиҳад.Имрӯз фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалии дунё парчами миллатро парафшон менамоянд, боиси ифтихори миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрӯз парчами тоҷикон дар миёни 240 давлатҳои дунё ҷилвагар буда, аз соҳибдавлатии худ дарак медиҳад. Бояд қайд кунам, ки дар сайёра ҳаст халқу миллатҳое, ки на парчаму на давлат доранду касе онҳоро эътироф намекунад. Аммо миллати моро тавассути Сарвари сарсупурдааш Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанду эътироф мекунанд ва ҳатто аз таҷрибаи сулҳофарини Пешвои миллат мактаби таҷриба меомӯзанду сабақ мегиранд.

Хоҳонам, ки Парчами миллати мо дар тамоми дунё бо  Пешвои миллат доимо ҷилвагару партавафшон бошад.

 Раҷабализода Ҳокималӣ, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg