БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо ва маъюбиятдошта бо дастгирии соҳибкорон аъзои фаъоли ҳизб оилаи Қодирзодаҳо ба Муассисаи давлатии хона- интернати бемориҳои руҳии ноҳияи Восеъ кумаки яквақта ба маблағи зиёда аз 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ расонида шуд.

Кумакҳои мазкур аз сару либоси зимистона ва маводҳои ғизоӣ иборат буданд. Дар муассисаи мактаб -интернати бемориҳои рӯҳии ноҳия 225 нафар бошандагон ба табобат фаро гирифта шуда, зиндагӣ мекунанд. Ва барои онҳо дар самти нигоҳдорӣ, тандурустӣ ва истироҳату фароғат шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg