БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ - АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештарри манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус дар ташкилоти ибтидоии “МСД-Тугарак”-и Ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат  масъулин қайд намуданд, ки шумо, ки худ  кормандони соҳаи тиб ҳастед хуб медонед, ки чи гуна бо ин бемории марговар мубориза бурд ва ҳамаи моро зарур аст, ки миёни сокинон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бештар ба роҳ монда, баҳри солимии худ ва ҷомеа саҳми худро гузорем.

Ҳамзамон кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иброз доштанд, ки   бе таҳлука ва ором зистан низ яке аз шартҳои дигари муҳим барои ҳифзи саломатӣ дониста мешавад. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, руҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо руҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg