БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТЕЪМОЛИ ДУРУСТИ ҒИЗО ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ БА ШУМОР МЕРАВАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии бемории сироятии каронавирус дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд ва имрӯз низ бо хонандагони синфҳои болоии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъулин иброз намуданд, ки барои пешгирии бемории COVID-19 дар навбати аввал ҳар як шахс бояд қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро ба таври қатъӣ риоя намояд.

Ҳамзамон, барои муолиҷа ва барқарор кардани саломатӣ ғизои мувофиқу созгор, сервитамин ва сабуку хуштамъ хеле зарур аст. Мусаллам аст, ки ғизо омили асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Донишмандони соҳа муайян кардаанд, ки бемории СОVID-19 ба одамоне, ки масъунияти баданашон суст аст, бештар таъсир мерасонад. Бояд гуфт, ки дар баланд бардоштани масъунияти бадани инсон нақши ғизо хеле назаррас мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg