БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛИТСИЯ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ ТАВОНО ВА НЕРӮМАНДИ ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША. Тамоми кормандони милитсия, кулли собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати солгарди таъсиси милитсияи тоҷик самимона табрик намуда, баҳрашон саломатӣ, сарбаландӣ ва дар хизмати пуршарафу пурмасъулияташон барору комёбӣ таманно дорам.

Воқеан, милитсия яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд.

Дар ин замина милитсияи тоҷик низ аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст. Ва бо туфайли хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия имрӯз мардум пайи зиндагии орому осуда ҳастанд.

Рушду пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмималии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти самарабахши кормандони ҳифзи ҳуқуқ робитаи бевосита дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқро бараъло эҳсос намуда, дар ин росто чунин андеша баён карданд, ки: “Маҳз кормандони милитсия дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор дошта, ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоянд”.

Бояд гуфт, ки фаъолияти милитсия дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо ниҳоят муҳим буда, ҳомии боэътимоди халқу Ватан ба ҳисоб меравад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки кормандони милитсия дар ҳама маврид бо хизматҳои содиқонаву самимонаашон барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии ҳар як шаҳрванди мамлакат ҷони хешро дареғ намедоранд. Бардошт аз гуфтаҳои боло бори дигар тамоми кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқро ба иди касбиашон -Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, дар раванди адои вазифаи хизматиашон иродаи устувору шикастанопазир орзумандам.

Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!

Шарифзода  Гулхусор, раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg