БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БА ХОТИРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  пешгирии бемории   сироятии коронавирус  бо сокинони  деҳаи  Сангобаи  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузарониданд. Дар рафти суҳбат бо усули “хона ба хона” намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти  бемории сироятӣ тибқи  ахбори расмии Вазорати тандурустӣ ва шуғлӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва пешгирӣ аз  ин бемории ҳамагир андешаронӣ карда, онҳо таъкид намуданд, ки ягона роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ риояи қатъии  гигиенаи шахсӣ, худдорӣ аз ҷойҳои серодам, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва истеъмоли ғизои солим мебошад. Сипас, аз  сокинон  даъват  ба  амал  оварданд, ки  ба  саломатии  худ ва  наздиконашон аҳамият  дода,  ҳангоми  гаштугузор  дар  кӯча,   марказҳои  савдою  бозорҳо  ва  савор  шудан  ба нақлиёти  мусофирбар  ҳатман  аз  ниқобҳои  тиббӣ  истифода  баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg