БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ЗАРАР БА ХУДИ ШАХС АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Баъди ҳамарӯза бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  миёни  мардум паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ ҷиҳати пешгирии бемории хавфноки коронавирус боз мебинӣ, ки аксари сокинон дар ҷойҳои серодам, бозор, тӯйю маъракаҳо оддитарин қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.

Ҳоло ҳам чунин суханони бероҳакунанда “ҳамааш дар дасти Худост”, “вақт, ки расид ин касал баҳона аст” ҳангоми доир намудани суҳбату вохӯриҳо аз забони баъзе шахсони калонсол шунида мешавад,  ки ба фоидаи саломатии мардум нест. Дар ҳақиқат ҳама  кор ба хости Парвардигор аст. Вале дидаю дониста худро дар оташ андохтан ё овехтан  худкушист ва ин гуноҳро Худо намебахшад.  Риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ барои гирифтор нагардидан ба бемории коронавирс ҳам ҳамин мазмунро дорад. Яъне, Худкушист.

Натиҷаи ҳамин бепарвоии одамон аст, ки  имрӯз гирифторшавӣ ба бемории коронавирус дар муқоиса ба дигар шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Ховалинг зиёдтар ба чашм мерасад. Мутаассифона, талафот ҳам дида мешавад.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар вақти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои ба номи Ҳабибулло Файзулло, Бобо Юнус, Ҷавонон сари ҳамин масъалаҳо ба мардум суҳбат намуданд. Таъкид сохтанд, ки бепарвоӣ ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ зарар ба худи онҳост. Беҳтар он аст, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намоем ва ҷабр ба ҷони худ накунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg