БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪАЛАИ ОБ - МАСЪАЛАИ ГЛОБАЛӢ

АНДЕША. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олам аст. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут мебошад. Бешубҳа дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад нишони ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Агар ба таърихи гузаштаи халқи худ нигарем, мебинем, ки ниёгонамон обро неъмати муқаддасу пок медонистанд ва баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мекарданд. Яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.

 Ҳаёти инсонро бидуни об наметавон тасаввур намуд, зеро нарасидани об фаъолияти мунтазами организмро вайрон намуда, ба заволи он сабаб мегардад.Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустаниҳо, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати дорои об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Зиёда аз 50 адад дарёҳои манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешавад, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд. Новобаста аз аҳамияти баъзе аз шаҳрвандон дидаю дониста ба он ҳар гуна партовҳо мепартоянд ва боиси ифлосшавии он мегардад.Дар ривояти осори аксар халқҳои қадим: тоҷикон, ҳиндуён, юнониён, об беш аз замину осмон вуҷуд доштааст. Яке аз файласуфони Юнон Фалес обро мабдаи олам мешуморад ва гуногунии табиатро ба он вобаста медонад.

Имрӯз низ ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст.

Рустаниҳо ва ҳайвонҳо барои идомаи фаъолияти ҳаёти худ танҳо оби моеъро истифода менамоянд. Вале шаклҳои гуногуни дигари об низ ба онҳо таъсир дорад. Яке аз шаклҳои таъсирбахши об ба рустаниҳо ях мебошад. Ях ҳамеша ба рустаниҳо таъсири манфӣ дорад. Ях сабаби аз фаъолият мондани дарахтон шуда метавонад. Масъалаи об - масъалаи глобалӣ ва миллӣ мебошад, ки паҳлӯҳои зиёд дорад.Об яке аз омилҳои асосии экологӣ буда, манбаи ҳаёт дар рӯи замин аст. Муайян шудааст, ки 75% - и гидросфераро ишғол кардааст. Ҳамаи обҳои кураи заминро гидросфера мегӯянд. Ҳаҷми умумии обҳои кураи замин 1456 млн. км3 мебошад. Аз рӯӣ ҳаҷми массаи об ҷои аввалро обҳои баҳру уқёнусҳо 1370 млн. км3 ҷои дуюмро обҳои зеризаминӣ 61,4 млн. км3 ва ҷои сеюмро яху барфҳои Арктикаю Антарктида 24 млн. км3 ишғол мекунад. Қисми зиёди захираҳои оби дунё шӯр буда, обҳои ширин 2,5% - ро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 64 км3 оби дарёҳо 18,7 км3-ро оби кулҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4%-ро захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳфузанд. Ҳамзамон 42% обҳои зеризамини минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар табиат обҳоро бо роҳи табиӣ ва сунъӣ тоза кардан мумкин аст.

-бо роҳи табиӣ тозашавии обҳо

-бо роҳи механикию техникӣ

-бо роҳи кимиёвӣ

-бо роҳи физикию электролитӣ

-бо роҳи биологӣ

Гардиши об дар кураи замин ба таври ҳамешагӣ бо таъсири омилҳои табиӣ ва инчунин, омилҳои сунъӣ мегузаранд.

Вобаста ба масъалаи об - масъалаи глобалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид соли 1999 соли 2003-ро соли “Оби тоза” пешниҳод намуда буданд. Ин пешниҳоди Сарвари давлат пазируфта шуда, бо ҳамин васила солҳои 2005-2015- ро солҳои “Об барои ҳаёт” баъд аз ин ҳамчунон соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об “ ва бори охир, ки рӯӣ ин пешниҳод тамоми ҷаҳон кор карда истодаанд, ки обро чӣ гуна истифода баранд, то ин ки ягон кишвар аз норасоии об танқисӣ накашад, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон карда шуд.

Дар кишвари мо 29-уми ноябри соли 2000-ум Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки аз 5 фаслу 24 боб ва 146 модда иборат мебошад. Мақсад аз қабул кардани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи фонди давлатии об барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошад. Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар самти истифодабарию ҳифзи захираҳои об ва таъмини асосҳои ҳуқуқӣ дастгирӣ, инчунин рушди оқилона истифодабарии захираҳои об иборат мебошад.

Хулоса, яке аз масъалаҳои муҳими замони ҳозира ҳифзи сарватҳои табиат мебошад. Агар мо обро сарфакорона мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳаёти солимро хоҳем дарёфт. Тарзи солими зиндагӣ ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст. Субҳ бо нур оламро мунаввар мегардонад, вале об вуҷуди оламу одамро пок сохта, равшан мекунад. Пас “Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст” ҳикмати сабзи ҷаридаи олам буда, инсониятро баҳри ҳифзи неъмати бебаҳо ҳидоят менамояд.

Оре, эҳёи ҳар қатра оби мусаффои кишвар амали шоиста буда, далели рисолати тафаккури аҷдодист. Пас ҳифзи сарватҳои бебаҳои табиати Тоҷикистон боиси пешрафти ҷомеа хушбахтии мардум аст. Дар баъзе маҳалҳо обро аз масофаи дур дастрас мекунанд. Ҳатто дар тамоми кураи замин низ масъалаи сарфакорона истифодаи ин муқаддасот мувофиқи матлаб нест. Аз ин хотир, ҳар як шахсро зарур аст, ки ба истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои табиат масъулият зоҳир  намояд.

Бахтинисо Раҳимова, донишҷӯ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg