БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ҲИЗБИИ “ЭҲТИРОМ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ” ДОИР ГАРДИД

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Эҳтиром ба муқаддасти миллӣ” ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинии ҳизбӣ  дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва мусоидат барои васеъ гардидани донишҳои сиёсии сокинон вобаста ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар рафти баргузоррии озмуни мазкур  волонтёрони ҳизбӣ ба сокинон-роҳгузарон бо эҳтиром худро муаррифӣ ва бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон табрик намуда, баъди пурсидани розигии эшон ҷиҳати иштирок дар озмун, ба ҳар як нафар ду савол вобаста ба Конститутсияи кишвар, таърихи пайдоиш, қонунҳои миллӣ ва амсоли онҳо пешниҳод намуданд.
Ғолибон нафароне ҳисобида шуданд, ки ҳадди ақал ба як савол посухи дуруст доданд.

Барои ҷавобҳои дурусти сокинон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Чунин чорабиниҳо бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ дар арафаи дигар иду ҷашнҳо низ ташкил ва гузаронида мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg