БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКБАРИ ҶАҲОНИ ХАЙРУ САХО

АНДЕША. Ҷавоне, ки ҳар як суханаш ибтикор аст. Ибтикори созандагиву бунёдкорӣ, хайру эҳсону саховатмандӣ, салоҳ ва рифоҳ... Ҷавоне, ки ғайрату ҷасораташ ҳадду сарҳад намешиносад. Ҷавоне, ки бо эҳсоси волои меҳанпарастӣ намунае барои ҳазорон тоҷику тоҷикистонӣ ва соҳибкорону ҷавонони меҳанпараст аст. Ҷавоне, ки муҳофизи иқдомҳои созанда, фарҳанги миллӣ  ва  сарсахтиҳост. Ҷавоне, ки ҳодии ҳазорон ҷавонону роҳкушову дастгири ҳазорон муҳтоҷон аст. Ҷавоне, ки ба навоварӣ, зеҳни қаввӣ ва тозаназарӣ худро муаррифӣ карда аст. Ҷавоне, ки соҳибкалому соҳибиродаву хайрхоҳ асту ҳамеша масъули  ҳарфи хеш аст. Ҷавоне, ки дар баробари пастиҳову душвориҳои зиндагӣ пуштибони ятимону маъюбон ва муҳтоҷон аст.  Ҷавоне, ки ҳама кору амалаш бемисл ва зиёиёна аст. Ҷавоне, ки ифодагари  чеҳраи асили  як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту  бунёдгаро, сулҳофар ва дасткушо аст, зеро ки ӯ як ҷавони муваффақ асту соҳибкори ҷаҳонорову ояндабин...

Чеҳраи нуронӣ, маҳорати баланди кордонӣ, одамият, нармгуфторӣ, донишмандиву хушбаёнии Акбари Асадулло натанҳо барои пиру барнои ноҳияи Ёвон, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ошност. Тӯли беш аз 20 соли фаъолияти бенуқсонаш ин ҷавони сарсупурдаи миллату меҳан собит кардааст, ки дар ободонию созандагӣ, гирифтани дасти бенавоёну бо шуғл фаро гирифтани ҳазорон ҷавонони худогоҳ мутахассиси хубу боистеъдод аст. Ӯ бо қобилияти хуби муносибатсозиаш бо мардум, усулҳои ҷолиби фаъолият, дасти сахову домони сабзаш, сухани таъсирбахшу соҳибкасбиаш маҳбуби ҳамагон гаштааст. Акбари Асадулло аз ҷумлаи афродест, ки барояш маҳал, нажод, баромади иҷтимоии одамон, аслан муҳим нест, балки мехоҳад ҳамаро мисли худ пойбанди арзишҳои миллӣ, донишманд ва фарҳангӣ бубинад. Сухани таъсирбахшашу мусоҳибонааш доимо андешаи ватансозиро дар дили ҳар як ҳамсуҳбаташ  бедор месозад.Ӯ шахсиятест, ки  дар зиндагӣ хирадманд, ҷавони мушфиқ, соҳибкори муваффақ  буда,  роҳнамоест, ки ҳар сатри рӯзгораш барои насли ҷавон омӯзанда, қобили пайравӣ ва идеалсозист. Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ин ҷавони ғаюр дар татбиқи ҳадафҳои созандаву олии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқаву хастагинопазир, дар одамият нотакрору намунаи шоистае барои ҳампешаҳо, наврасону ҷавонон, дар муносибат ҳалим, ҳамсуҳбати дилнишин ва қадршиноси арзанда аст, ки  насли наврасро дар ҷодаи садоқат ба ватану миллат тарбияву роҳнамоӣ мекунад.

Дар ин навбат бо дастгирии Акбари Асадулло ба маъюбдухтари ноҳия Замирабону, ки аз модар маъюб ба дунё омадаву солиёни зиёд ба аробачаи маъюбӣ ниёз дошт, дасти сахо дароз намуда, дили кӯчаки пур аз илму дониши ӯро хурсанд намуд. Замирабону ғолиби даври ноҳиявию вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ...” буда, дар айни замон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур омодагӣ мебинад.

Боварӣ дорем, ки бо дили хурсанду хушбинаш Замирабону дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолиб хоҳад омад ва мо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба Замирабону муваффақият орзу намуда, ба соҳибкори ватандӯсту хайрхоҳи ноҳия Акбари Асадулло сипосгузорӣ менамоем.

Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg