
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65”-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қайд карданд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Мо аъзои ҲХДТ бояд дар ҳамаи шанбегиҳо ва корҳои ободонӣ бештар ширкат варзида, собит намоем, ки барои оянда ва рушди кишвари азизамон заҳмат кашида истодаем. Қайд гардид, ки имрӯз дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмонашон ҷараён дорад. Ҳамаи онҳо барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон пешбинӣ гардидаанд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар асоси дастур ва супоришҳои роҳбарияти ҳизб корҳои ободонӣ ва тозагиро ба анҷом расонида, дар ободкории диёри худ саҳмгузорӣ намоянд.