БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - КАФОЛАТИ БАРОБАРҲУҚУҚӢ

АНДЕША. Аз он соле, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, 26 сол сипарӣ гардид. Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои воҷибтарину бузургтарини даврони истиқлолият мебошад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX Тоҷикистон ба давраи такоммули нави таърихӣ ворид гардид. Даврони кунунӣ бар хилофи давраи таърихии гузашта дорои аҳамияти давронсоз ва сарнавиштсоз маҳсуб мегардад. Давраи гузариш аз сохти давлатдории тоталитарӣ ба сохти давлатдории ҳуқуқбунёд маданияти (тамаддуни) анъанавӣ ва озодгароӣ оғоз шуда, замина ва асоси ҳаёти баъдии насли ҳозира ва ояндаи тоҷикон поягузорӣ гардид.

Зикр бояд кард, ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии дар ҳайати  он буда, бо роҳу равиши гуногун истиқлолияти миллии худро ба даст оварданд. Тоҷикистон истисно набуд дар ин раванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти худро ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд. Ҳамзамон  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.   Мувофиқи ин эъломия Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти таърихии худро барои таърихи халқи тоҷик ва давлатдории миллии он амиқу дақиқ дарк карда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавор эълон менамояд. Эъломия ба волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, бойигариҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтиёрдорӣ ва эътирофи принсипҳо ва меъёрҳои умумиҳуқуқии байналхалқӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, замина гузошт. Эъломия 9-уми  сентябрро чун рӯзи ташкилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит карда, онро рӯзи истироҳат эълон намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи нав-давраи сарнавиштсоз ворид гардид. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нобасомониҳо бархурд намуд.Ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Хушунат дар байни афроди мансабхоҳону ҷоҳталабон боло гирифта, мардум ба набарди хунин кашида шуд. Маҳаллот валангору деҳаҳо матрук гашта, аҳолӣ ба муҳоҷирати иҷборӣ  ногузир рӯ овард. Моликияти давлатӣ ба тороҷ рафт. Буҳрони молиявӣ мамлакатро фаро гирифт. Хатари нобуд шудани Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳонӣ воқеияти воқеӣ пайдо намуд. Бо талоши фарзандони ватандӯст ва ҷоннисори миллати тоҷик, кӯшишҳои пайгирона ва машварату маслиҳатҳои бардавом имконият даст дод, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостони Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа ба таври қатъӣ марҳилаи наверо дар таърихи Тоҷикистони навин боз намуд. Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ, ки ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати  роҳбарии ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи басо мураккаб, вале муқаддас- бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, ягона ва дунявиро вогузошт.Ҷараёни таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ ва якдигрфаҳмию якдигарбахшӣ оғоз шуд. Барои сохтори давлати навро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ муқаррар кардан қабули Конститутсияи нав зарурат пайдо шуд. Ёдовар шудан лозим аст, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 1992 гурӯҳи корӣ лоиҳаи Конститутсияро барои муҳокимаи шаҳрвандон ба нашр расонда буд. Бинобар оғоз гардидани низоъҳои дохилӣ раванди ислоҳоти конститутсионӣ ба таъхир афтод.  Танҳо баъди баргузор гардидани иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз  (16.11.1992)  шароити муътадил фароҳам омад. Моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз навтаъсис дода шуда, лоиҳаи Конститутсияи навро омода намуданд. Ва 13. 04.1994 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардид. Мардуми кишвар дар муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия ширкати фаъолона намуда, зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳодот ба Шӯрои Олӣ ворид гардид.  Дар ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) гурӯҳи таблиғӣ, ки яке муаллифони ин сатрҳо узви он буд, фаъолияти густарда намуда, зиёда аз 82 таклифу пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ирсол намуд. Ва қисми зиёди таклифу пешниҳодот дар Конститутсияи  кишвар мавқеъ ёфтанд. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз гардид. Дар ин рӯз ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қабули Конститутсияи   нав дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишвар падидаи муҳим гардид. Марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёд, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оини иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ ба вуҷуд овард. Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ муаррифӣ намуд. Конститутсия нисбати дигар қонунҳо ва санадҳои қонунгузор, ки системаи ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳанд, мартабаи олии ҳуқуқӣ дорад. Дигар ҳуҷҷатҳои хуқуқӣ ва қонунҳо ба Конститутсия мутобиқ гардонида мешаванд. Конститутсия ифодакунандаи иродаи содиқонаи мардум ва таҷассумгари воқеии муносибатҳои солими ҷамъиятӣ мебошад. Санади сарнавиштсози мамлакату миллат аст Конститутсия. Дар баробари инкишофу тараққиёт, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигар омилҳои таърихӣ зарурати такмили Конститутсия пеш омад. Баъди ба тавсиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27.06.1997) 26-уми сентябри соли 1999, дафъаи дуюм 23 июни соли 2003 ва 22  майи соли 2016 ба КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйирот ворид карда шуд. Дар асоси Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби якум) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона номида шудааст. Мо тасмим гирифтем, ки мафҳуми ин вожаҳоро баҳри хонандагони муҳтарам ба таври мухтасар шарҳ диҳем:

Соҳибихтиёрӣ- вобаста набудан ба давлатҳои дигар,  соҳиб будан ба ҳудуди ягонаи ҳифзшаванда ва ба аҳолие, ки ҳамчун миллат шинохта ва эътироф гардидааст.  Давлат роҳи тараққиёти худро дар ҳама самтҳо ва тарзу усули муносибат ба давлатҳои хориҷӣ ва умуман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилона муайян менамояд. Омили дигари соҳибихтиёрӣ ин мавҷудияти ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб мегардад.

Ҳокимият ва вакилони ҳамаи сатҳҳо аз ҷониби халқ  интихоб мешаванд. Вакилон пешниҳоди мардумро  омӯхта ба қонунгузории ҷумҳурӣ дохил менамоянд. Ва баҳри амалӣ намудани дархости мардум аз тарафи ҳукумат мусоидат менамоянд. Мардум дар ҳалли масъалаҳои муҳим бо ду роҳ: бевосита ва бавосита иштирок менамояд.

Ҳуқуқбунёд - тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатӣ ба Конститутсия. Волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути қонунҳо аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.  Аҳолӣ тибқи қонунҳо ва дар доираи онҳо кору фаъолият ва зиндагӣменамояд.

Дунявӣ - ҳар як шахс ҳуқуқи озодӣ  дорад ва иродаи он дахлнопазир аст. Ҳеҷ як дин ва ё мазҳаб дар назди давлат афзалиятнок  шуда наметавонад. Шахс дар интихоби дин,  равия ва мазҳаб озод аст. Тамоми афроди ҷомеа  новобаста аз миллату нажод ва дину мазҳаб дар пеши давлат ва Конститутсияву қонунҳо баробаранд. Иттиҳодияҳои динӣ ба корҳои давлатдорӣ ва мақомоти давлатдорӣ мудохила    намекунанд.

Ягона - давлат тақсимнашаванда, дахлнопазир ва муқаддас аст. Мақоми олии намояндагӣ, иҷроия ва судӣ барои тамоми кишвар ягона мебошанд. Вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо Конститутсия ва қонунҳои алоҳидаи худро надоранд. Ҳама аз марказ тавассути Конститутсия идора карда шуда, сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъин карда мешаванд. Давлат соҳиби қувваҳои мусаллаҳи ягона мебошад. Мамлакат Президент, ҳудуд, Конститутсия, нишон, парчам, забон ва суруди миллӣ дошта, қонунҳои он дар тамоми қаламрав  риоя ва татбиқ  карда  мешаванд.

Ҳамчун фардият дарку эҳсос менамоем, ки ҳама тозагулҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст омада, муаррифии миллат ва забони давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути Роҳбари ғамхору дилсӯзи мамлакат, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули Конститутсияи кишваранд. Роҳи муайяннамудаи Конститутсия дар кишвар риоя шуда, ҳуқуқу озодиҳои шахс лағв карда намешаванд. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди миллатпарасту миллатдӯст ва ватандору ватанхоҳ  муқаддас аст. Мукаммал  омӯхтану дар амалу зиндагӣ корбурд намудан аз рӯйи нишондоди он мояи шараф ва дастрасӣ ба   ҳама ормонҳост.

Ҷумъа Назрӣ, собиқадори ҲХДТ аз  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg