БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САВГАНДЁДКУНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ОМИЛИ САРСАБЗИИ КИШВАР

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 11 октябри соли равон дар саросари кишвари маҳбубамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тамоми мардуми сарбаланди тоҷик фаъолона иштирок намуданд ва ба номзади арзандаи худ овоз доданд. Натиҷаи интихобот маълум намуд, ки халқи  мо баҳри пешрафт, ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ба  номзади арзандаи худ раъйи худро дода, бо гирифтани 90-92 фоизи овозҳо Пешвои милллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид ва роҳбарии ҳафт соли ояндаи кишварро ба уҳдаи хеш гирифтанд.

Санаи 30 октябр бошад, маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ савганди ботантанаи худро ёд намуданд.

Маросими савгандёдкунии  Пешвои  миллатро тамоми кормандон, омӯзгорон,  донишҷӯён ва халқи  кишвар ба воситаи ойнаи нилгун тамошо карданд.

Дар баромади худ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,  ки мо бояд дар  зарфи  ҳафт соли оянда  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, тамоми сайъи худро баҳри ободиву созандагӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ва сиёсати  бунёдкоронаи   Ватани азизамон равона намоем. Дар идомаи суханронии  худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карданд,  ки мо ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода,  бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи неки кишварамон назар афканем.  Зеро Пешвои миллат пайваста дар тамоми баромадҳои хеш ба ҷавонони мамлакат таъкид менамоянд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи фаъолияти  тамоми соҳаҳои ҷаъмиятӣ буда, оянда миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти онҳост.

Инчунин, Президенти кишвар муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки имрӯз занону бонувони мамлакат дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа  кору фаъолият намуда, қарзи шаҳрвандии  худро баҳри ободӣ ва озодии Ватан гузошта истодаанд. Имрӯз мо дида истодаем , ки саҳми арзандаи  занону бонувон баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ назаррас буда, кӯшиш менамоянд, ки дар ҳаёти мардум самараи дилхоҳ ба бор оранд. Агар ба  сохторҳои қудратӣ назар афканем мебинем, ки занон дар қатори мардон хизматро пеш бурда истодаанд,  дар роҳи таъмини сулҳу субот ва якпорчагии  марзу буми Ватан хизмати софдилона ва содиқона намуда истодаанд.

Зимни суханронии хеш  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи худ ба мардуми кишвар ёдрас шуда, бо азму иродаи қавӣ ва нерӯи созанда тантанавор иброз доштанд, ки тамоми саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии хешро баҳри осудагии халқи азизам роҳандозӣ намуда, то нафаси охирин дар хизмати мардуми сарбаланди кишвари азизам қарор хоҳам дошт. То нафаси охирин ҳамдарду ҳамнафаси мардуми тоҷик хоҳам буд.Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар  майдони Дӯстии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе,  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ  иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Бояд ёдрас шуд, ки дар майдони Дӯстии пойтахт зиёда аз ҳафт ҳазор афсарону сарбозони кишвар паради ҳарбӣ ороста, дар саҳни майдон бо қадамҳои сафӣ ҳаракат карданд.

Каримов Муҳаммад,  омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷаъмиятӣ ва забонҳои Коллеҷи милитсияи ВКД, лейтенанти калони милитсия. Марҷонаи Амон, курсанти Коллеҷи милитсия

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg