БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ РАҲНАМОИ ФАРДОИ МОСТ!

«Халқи тоҷик, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ, нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзуи чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд.»

                                                        ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

АНДЕША. Конститутсия  сарчашмаи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунҳо ва дигар асноду меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқии байналмилалие,ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мебошад. Конститутсия ифодакунанда ва равшангари рушду нумӯи имрӯзу ояндаи кишвар аст.

Ин санади олӣ асосҳои сохторҳои конститутсионии мамлакат ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро танзим намуда, амну суботи саросарӣ, ҳастӣ ва  пойдории  мамлакатро ҳамеша пайгирӣ ва ҳифз менамояд.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи навини мамлакат бо тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ба муайян намудани самтҳои устувори ояндаи дурахшони кишвар то имрӯз заминаҳои мусоидеро фароҳам овард.

Дар заминаи Конститутсия   низоми  демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ,  соҳибихтиёрӣ, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, шаҳрвандон соҳиби арзишҳои волотарини милливу давлатӣ ва ҳуқуқиву  маънавӣ гардидаанд.

Вобаста ба рушди бемайлони мамлакат дар ҳама  соҳаҳо ва таъсири ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар сайёра боиси тағйирот дар ин санади олӣ пеш омад, ки дар Конститутсияи кишвар се маротиба тағйироту иловаҳо (солҳои 1999, 2003, 2016) бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуд.  Хушбахтии кулли мардуми ҷумҳурии азизамон дар он зоҳир мегардад, ки  мо дар як фазои амну осоишта умр ба сар мебарем ва аз ҳуқуқу озодиҳои давлативу фитрии худ куллан бархӯрдорем. Ҷараёни  саодатмандӣ ва шарофатмандии рӯзгори шоистаи мардум ва амалишавии ормонҳои миллӣ  маҳз аз сиёсати некбинона ва дурбинонаи давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами ҳизбу  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат карда, дар як навбат нишонаи якдигарфаҳмиву муттаҳидии миллати тоҷик ва кӯҳанбуёдиву суҳлпарварии онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Конститутсия раҳнамои имрӯзу фардои кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост,ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон  дар қатори дигар арзишҳову муқаддасоти миллии худ ба ин санади муҳими давлатӣ арҷ мегузорем ва  аз он  ифтихор менамоем.

Маврид ба зикр аст, ки  бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва амну осоиштагии кишвари азизамон ва дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон гардида, ин рӯзи муборак дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Аз  фурсати мусоид истифода намуда, тамоми шаҳрвандони кишварро ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда,  ба фазои Тоҷикистони азиз  сулҳу суботи  пойдорро таманно менамоем. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садсолаҳо барои рушди давлатдории мо хизмат намуда, дар рушди ақлию зеҳнии насли замони истиқлол ва таҳкими арзишҳои миллию шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидати фаъол намояд.

Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи  таблиғот,иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg